Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДОИР БА НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2018

     Рӯзи 23 июли соли 2018 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Дар ин нишасти матбуотӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода У. низ иштирок намуд.

Нишасти матбуотиро муовини аввали директори Марказ Баҳриддинзода Субҳиддин ифтитоҳ намуда, вобаста ба фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2018 ҳисоботи мухтасар дод. Номбурда иброз намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо корҳои зеринро ба анҷом расонид.

Ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо Марказ ба зиёда аз 47 лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳои байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 465 пешниҳодҳоро дарбар мегирад.

Тибқи Низомнома Марказ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, тибқи Нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар Марказ дар мавзӯи «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадқиқот амалӣ шуда истодааст. Баҳри амалисозии мавзӯъҳои мазкур дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳо, китобҳо ва тафсири як қатор қонунҳои амалкунандаро барои кормандони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ нашр намуданд, аз ҷумла: китобҳои «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир” (қисми 5), Тафсирҳои  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку». Ҳамчунин, тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», тафсири Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд.

130 мақолаҳои илмии кормандони Марказ дар нашрияҳои гуногун ба табъ расида, шумораҳои 1 ва 2 Маҷаллаи илмию таҳлилии Марказ - «Қонунгузорӣ» (Законадательство,  Legislation) ба нашр расидааст.  

Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ моҳи майи соли 2018 ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандае, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рӯйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм ба чоп расонида шаванд, ворид карда шуд.

Кормандони Марказ дар давраи ҳисоботӣ дар 28 гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шомил буданд. Инчунин дар кори 66 конференсияҳои илмӣ-амалӣ, форумҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Кормандони Марказ вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни қонунгузории кишвар 18 маротиба тавассути барномаҳои телевизиони «Тоҷикистон», «Сафина», «Душанбе», радиои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» баромад намудаанд.

Бо мақсади таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вобаста ба ташвиқу тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 19 сафари хизматӣ анҷом дода шудааст, ки зиёда аз  60 вохӯриро дар шаҳру ноҳияҳо ва маҳалу ҷамоатҳо дарбар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Марказ ду мизи мудаввар - «Рушди қонунгузории пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти давлатдорӣ ва инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуданд.

Роҳбарияти Марказ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Рӯзи Ваҳдати миллӣ, озмуни мақолаҳои беҳтарин дар мавзӯъҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Ваҳдати миллӣ» эълон кард, ки натиҷаи он дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд. Мақолаҳои озмунӣ дар Маҷмӯи мақолаҳо бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (Душанбе: Нашриёти «Сино», 186 саҳ.) аз чоп баромад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз сомонаи Марказ зиёда аз 148 000  ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту муассисаҳо истифода бурдаанд.

Дар нимсолаи аввал тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба Марказ 81 муроҷиат ворид шудааст, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ ва ба муаллифони онҳо ҷавоб гардонида шуд. Ҳамчунин, рӯзҳои шанбе тибқи ҷадвали тасдиқшуда, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Марказ ба роҳ монда шудааст.

Яке аз самтҳои фаъолияти Марказ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии кишвар мебошад. Айни ҳол байни Марказ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи (славянии) Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи (славянии) Россия-Тоҷикистон  ва  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Марказ гузарониданд.

Муовини аввали директори Марказ Баҳриддинзода С. баъд аз гузориши худ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас гардонид.