Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Қадаме барои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал

       25 июни соли 2018 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Марказ Файзалӣ Идизода бо намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал баргузор гардид.

Дар вохурӣ хонум Титова Татяна Александровна -  декани факултети тайёрии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал, намояндагони шуъбаи робитаҳои байналмилалии ҳамин Донишгоҳ, Маҳмадшоев Ф.А. - сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Исмоилова М.И. - сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Марказ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ директори Марказ Идизода Ф.Ф. оид ба фаъолияти Марказ мухтасар  маълумот доданд. Изҳор гардид, ки Марказ дар самтҳои гуногуни назариявӣ - амалӣ, илмӣ - тадқиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият намуда, бо институтҳои қонунгузории Ҷумҳуриҳои Белорус, Туркманистон ва муассисаҳои илмии ҳуқуқии Федератсияи Россия ҳамкорӣ дорад.

Иброз гардид, ки Марказ ба пешниҳоди хулоса ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таҳияи консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи қонунгузорӣ, гузаронидани тадқиқотҳои муқоисавӣ-ҳуқуқӣ, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст.

Хонум Титова Т. А. оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал мухтасар маълумот дода, изҳор намуданд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ муассисаи онҳо ҷашни 100-солагии таъсисёбии худро қайд менамояд. Бинобар ин, дар доираи ҳамин ҷашн, бахусус 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 якчанд чорабиниҳо дар Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқшиносии Урал ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби меҳмонон таклиф ба амал оварда шуд, ки намояндагони Марказ дар чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла дар ҷаласаи XII Конгресси ҳуқуқии Аврупо-Осиё тавассути нашри мақола, баромадҳои он-лайн, лоиҳаҳои муштараки илмӣ-назариявӣ иштирок намоянд.    

Ҳамзамон, хонум  Титова Т. А. аз роҳбарияти Марказ даъват ба амал овард, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда дар шакли созишнома ба расмият дароварда шаванд.

Дар охир ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъдаи илмӣ-амалӣ мутобиқи қонунгузории тарафҳо баён намуданд.    

     

             Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ: