Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Ҳамкориҳои Марказ бо КБСС вусъат меёбанд

    19 июни соли 2018 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Марказ Файзалӣ Идизода бо роҳбари ҳамоҳангсози минтақавӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва сиёсати иттилооти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҷаноби Юрий Шафаренко баргузор гардид. Дар вохӯрӣ хонум Лиана Қурбонова -  ҳуқуқшиноси КБСС, хонум Мирзоева Мавзуна - афсари кор бо робитаҳои КБСС, Маҳмадшоев Ф.А. - сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ, Исмоилова М.И. - сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Марказ низ иштирок намуданд.

Вохӯриро директори Марказ Идизода Ф.Ф. ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Сипас директори Марказ мухтасар оид ба фаъолияти Марказ ба меҳмонон маълумот дода, аз сатҳи ҳамкориҳо бо КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд гардид, ки ҳамкориҳо миёни Марказ ва КБСС дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, якчанд тадқиқотҳои илмӣ-муқоисавии муштарак дар самти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии бедаракгумшудагон, Шартномаи байналмилалии савдои силоҳ аллакай анҷом ёфта, натиҷаҳои тадқиқот нашр ва муаррифӣ гардидаанд.

Дар навбати худ роҳбари ҳамоҳангсози минтақавӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва сиёсати иттилоотии КБСС Юрий Шафаренко, ки нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, аз ҳамкорӣ бо Марказ изҳори сипос намуданд. Изҳор гардид, ки ҳамкориҳои мазкур метавонад дар оянда ба нафъи тарафҳо бошад ва боз ҳам барои рушд ва тавсеаи соҳаи ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ, такмили қонунгузории дохилӣ ва иҷроиши уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Конвенсияҳои Женевагии соли 1949 мусоидат намояд. Лиана Қурбонова – ҳуқуқшиноси КБСС зикр намуд, ки дар самти татбиқи меъёрҳои Конвенсияи Женевагии соли 1949 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор комёбиҳо ноил гардида, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои он ба қонунгузории дохилӣ, бахусус қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон шоёни таҳсин буда, бомаром идома дорад.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо аз ҷониби КБСС пешниҳод гардид, ки тадқиқоти нав дар мавзӯи “Тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзимкунандаи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ мебошанд” гузаронида шавад. Тарафҳо оид ба масъалаи мазкур қайд намуданд, ки дар доираи мундариҷаи пешакӣ омодагардида ва мувофиқашуда метавонанд тадқиқоти мазкурро анҷом диҳанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмонон барои дастгирии КБСС ҳангоми ҳалли низоъҳои мусаллаҳона, кам намудани азияту уқубатҳои қурбониёни ҷанг, пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, татбиқи сиёсати роҳбарияти олии кишвар, бахусус сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва сипос баён гардид.

    Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ: