Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Маълумот оид ба натиҷаи кори мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди қонунгузории пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

20 апрели соли 2018 тибқи нақшаи кори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди қонунгузории пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар иштирок намуданд.

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сухани ифтитоҳии худ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшид.

Вобаста ба масъалаҳои муҳими рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва паҳлуҳои актуалии он аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар маърӯзаҳои пурмазмун пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт»; «Ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдида ҳангоми зўроварӣ дар оила»; «Ҳалли масъалаҳои оилавӣ тавассути усулҳои равондармонӣ»; «Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии зӯроварии руҳӣ дар оила»; «Асосҳои профилактикаи зӯроварӣ дар оила»; «Баъзе аз хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар масъалаҳои вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми кори мизи мудаввар вобаста ба мавзўъҳои матраҳгардида  аз ҷониби иштирокчиён музокираҳо сурат гирифтанд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: